РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН


      Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар ҳамкорӣ бо Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ даври ноҳиявии озмуни “Мо бо Шумоем”-ро, ки миёни шахсони имконияташон маҳдуд ва маъюбони аз 6 то 18 сола дар сартосари кишвар гузаронида шуда истодааст, дар Толори калони консерватория баргузор намуд. Бисёр рамзист, ки даври ноҳиявии он дар “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон – 1 июн” рост омад. Дар озмун кӯдакони имконияташон маҳдуд аз муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур иштирок намуданд. Ҳамаи иштирокчиён бо туҳфаҳои омоданамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов қадрдонӣ гардиданд. Инчунин, ғолибони озмун муайян ва ба даври ниҳоӣ пешниҳод гардиданд.