ШЕЪРИ ТУРСУНЗОДА ДАР ЛАБ, МЕҲРИ ТУРСУНЗОДА ДАР ДИЛ


      Дар доираи нақшаи чорабиниҳо барои таҷлили 110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода зери унвони «Шеъри Турсунзода дар лаб, меҳри Турсунзода дар дил» дар Толори калони консерватория чорабинии адабӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ Шарифзода Лутфуллоҳ дар бораи рӯзгор ва осори Мирзо Турсунзода маълумот дода, донишҷӯёни курси якуми факултети мусиқии суннатии тоҷик аз ашъори шоир шеърҳо хонданд. Инчунин, донишҷӯён тарҷумаи шеърҳои Мирзо Турсунзодаро бо забони русӣ қироат намуданд ва сурудҳои шоир низ аз ҷониби донишҷӯён бо оҳанги мусиқӣ иҷро гардид.