ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ШАШМАҚОМ ДАР КОНСЕРВАТОРИЯ


Ҳама давру замон дар Шашмақом аст,
Ҷаҳони тоҷикон дар Шашмақом аст.

   Шашмақом мусиқии қадимаи халқи тоҷик буда, он муаррифгари санъати тоҷик дар ҷаҳон мебошад. Ин шоҳасари безавол аз асрҳои аср то замони мо омада расидааст. Пос доштани ин мероси ниёгон вазифаи мо мебошад. Имрӯз шашмақоми тоҷик хеле рушд карда истодааст. Маҳз дар замони Истиқлолият Шашмақом мақоми давлатӣ гирифта, аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 май ҳамчун Рӯзи Шашмақом эълон гардид. Соли 2003 бошад, ин мусиқии нодир ба Феҳристи шоҳкориҳои маънавии башарият дар ЮНЕСКО шомил гардид ва Шашмақом ҷаҳонӣ шуд.

   Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов низ барои рушду пешрафти ин мусиқии нодир саҳми беандоза дорад. Ҳамасола ҳамчун анъана дар арафаи Рӯзи Шашмақом дар иҷрои устодону донишҷӯён силсилаи яке аз мақомҳо иҷро карда мешавад. Дар соли таҳсили 2021-2022 бошад, аз тарафи устодон ва донишҷӯёни факултети мусиқии суннатии тоҷик силсилаи Мақоми Ироқ омода шуда пешкаши тамошобинон гардид.