октябр 06, 2020

Силсилачорабиниҳо бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ

      6-уми октябр бо ташаббуси кафедраи забонҳои Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ мизи мудаввар таҳти унвони “Забон дирӯз, имрӯз ва фардои миллат аст” ва базми шеър дар васфи забони тоҷикӣ баргузор гардид.

      Дар чорабинии мазкур донишҷӯёну устодони консерватория, инчунин меҳмонон аз Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Донишгоҳи милии Тоҷикистон иштирок намуданд.


      Санаи 5-уми октябри соли 2020 дар Толори калони консерватория маҷлиси тантанавӣ ва барномаи консертӣ бахшида ба Рӯзи Забони давлатӣ, бо иштироки муовини Вазири Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр таҷлил гардид. Барномаи консертӣ аз суруду навоҳо ва шеърҳо дар васфи Забони давлатӣ, Тоҷикистон, Ватан ‒ модар иборат буда, истиқлолияти кишварро тараннум мекард.


   октябр 05, 2020