ПАЁМ – РАҲНАМОИ ФАРДОИ ДУРАХШОН.

      Бо мақсади шарҳу тавзеҳи моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 январи соли 2021 ироа гардида буд, дар Толори калони консерватория санаи 11.03.2021 ҷамъомади устодону донишҷӯёни консерватория зери унвони “Паём – раҳнамои фардои дурахшон” баргузор гардид. Дар ҷамъомад ректори консеватория Достизода Миралӣ, устоди донишгоҳ Сайфулло Сафаров ва Шарифзода Лутфуллоҳ нуқтаҳои муҳимми Паёмро барои донишҷӯён шарҳу тавзеҳ доданд.