Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии «Мутриб»-и ҲХДТ дар КМТ


   Имрӯз дар Конфронстолори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии «Мутриб» баргузор гардид. Дар ин маҷлис 6 масъала, аз ҷумла ҳисобот оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи ҳисоботӣ аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои соли минбаъда, интихоби аъзои раёсати ташкилоти ибтидоии «Мутриб», Интихоби раис ва муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ, интихоби комиссияҳои кор бо ҷавонону занон, роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ташкилот ва интихоби вакилон ба конференсияҳои ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур баррасӣ гардид.

   Дар ин маҷлис Хонзода Абдураҳмон – роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи маркази ҲХДТ, Ҳомидзода Насимҷон – мудири шуъбаи ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва Гулаҳмадзода Зулфиқор – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур иштирок ва суханронӣ намуданд. Пеш аз ҳама ректори Консерватория миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов Достизода Миралӣ меҳмононро ҷиҳати иштирок дар маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии «Мутриб» изҳори сипос намуда, қайд карданд, ки ташкилоти ибтидоии «Мутриб» дар ин муддат фаъолияти худро дар асоси нақшаи корӣ ба роҳ монда, барои амалисозии барнома ва ҳадафҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Консерватория миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов кӯшиш менамояд ва дар оянда низ ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои мушаххасро ба роҳ мемонад. Дар охир ба аъзоёни фаъол аз ҷониби намояндагони ҲХДТ сипоснома тақдим гардид.