МАҶЛИСИ ҲИЗБӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “МУТРИБ”

      Дар ташкилоти ибтидоии “МУТРИБ”-и Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов бо иштироки Ашӯрова Дилрабо – мудири кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Фозилов Носир – мутахассиси бахши таҳлилии кумита, ноиби ректор оид ба таълим Каримзода С. С. ва 30 нафар аъзоён маҷлиси ҳизбӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилот дар соли 2020 доир гардид. Ибтидо ҳисоботи муовини раиси ташкилот шунида шуда, қаноатбахш арзёбӣ гардид.
   Ашӯрова Дилрабо – мудири кор бо занони КИ ҲХДТ оид ба татбиқи ҳадафмандонаи Барномаи ҲХДТ, сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тарғибу рушди идеологияи миллӣ дар давлатдории миллӣ баромад намуд. Аз ҷумла мафсуф қайд намуданд, ки имрӯз низ ҲХДТ масъулияти олии ватансозиро бар душ дорад, ки дар ин роҳи шарафманди ватансозӣ Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайкори созанда дорад.
   Ҳамзамон муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Мутриб” афзуд, ки дастовардҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва татбиқи ҳадафҳои созандаи Барномаи амали ҲХДТ аз сиёсати муваффақи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.