МАҶЛИСИ ҲИСОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “МУТРИБ”


   Бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур З. Гулаҳмадзода, намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Ҷ. Муродов маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии “Мутриб” баргузор гардид. Маҷлис аз рӯйи масъалаҳои ҳисоботи ташкилоти ибтидоӣ, интихоби раис, муовини раис, котиби ташкилот ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ идома ёфт. Масъалаҳои танзими ҳаракати аъзои ҳизб, риояи талаботи Оиннома ва одобномаи ҳизбӣ, тақвият бахшидани фаъолияти сиёсии ташкилоти ҳизбӣ ва баланд бардоштани иродаи сиёсии ҳама кормандон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ҷаласа муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Мутриб” оид ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба фаъолияти кории ташкилоти ибтидоӣ, дастовардҳои даврони истиқлол, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани маъракаи муҳимми сиёсии 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд. Бо пешниҳод ва ҷонибдории аъзоҳои ташкилот раис, муовин ва котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб гардиданд.