Ҷамъомади устодон ва кормандони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ


     
                             Ҳар касе бар қадри ваҳдат мерасад,
                              Ӯ ба иқболу саодат мерасад.
    Имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов ба муносибати рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъомад баргузор гардид. Сараввал ректори консерватория Достизода М. суханро оғоз бахшида, кулли ҳайати устодону кормандонро бо ин ҷашни фархунда ва сарнавиштсоз барои миллати тоҷик табрик намуда, қайд карданд, ки созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ барои тоҷикон иттиҳод, ягонагӣ, якпорчагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, амнияту осоиштагӣ, ифтихори миллӣ, ҳамзистии осоишта, ҷараёни бомароми созандагию ободониро дар кулли соҳаҳо ҳадя овард. Баъд аз ин, устоди кафедраи ҷомеашиносӣ профессор Сайфулло Сафаров аз таърихи ба имзо расидани созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ суҳбати пурмуҳтаво намуданд. Аз ҷумла таъкид намуданд, ки қадру манзалати ваҳдати миллиро ҳар як фарди миллат бояд дарк намояд ва баҳри пойдории он ҳамарӯза амал намояд. Фарҳанги сулҳи тоҷикон, ки дар сарчашмаи он Эмомалӣ Раҳмон истодааст, аз ҷониби созмонҳои байналмиллалӣ эътироф гардида, ҳамчун таҷриба баҳри истифодаи он дар дигар минтақаҳои сайёра мавриди омӯзиш қадрор гирифтааст. Ваҳдати мо дар ҳақиқат дастоварди муқаддас аст ва мо фарзандони миллат вазифадорем, ки онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Нагузорем, ки ҳар нохалафе сулҳу ваҳдати моро халалдор созад. Бо ҳамин маънӣ ҷамъомади бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба анҷом расид.