сентябр 27, 2020

«Дӯстӣ бошад мароми ҷовидон»

      Таҳти чунин унвон 27.09.2020 дар шаҳри Душанбе дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар бо иштироки Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикстон Давлатзода Зулфия Давлат ва Вафзири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Назарбеков Озодбек Аҳмадович ва намояндагони дигари илму адаб ва фарҳанги ду кишвар баргузор гардид. Инчунин, дар чорабинии мазкур ректори Консерваторияи милии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов Достизода Миралӣ ва ректори Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон Уринбаев Камолиддин Турдимуратович ширкат варзида, дар бораи дар оянда мустаҳкам намудани ҳамкориҳо байни ду муассисаи олии касбии мусиқӣ суханронӣ намуданд.

      Дар ҷараёни мизи мудаввар намояндагони ҳар ду ҷониб оид ба рушди муносибатҳои илмию фарҳангӣ изҳори назар намуда, нақши сиёсати пешгирифтаи роҳбарони ҳар ду давлатро дар тақвияти ин ҳамкориҳо муҳим шумориданд.