Чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба


   Имрӯз дар Толори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бахшида ба Рӯзи Ғалаба чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинии фарҳангӣ як қатор суруду оҳангҳои меҳанпарастонаи низомӣ садо доданд, ки ба қалби ҳар як тамошобин таъсир бахшида, руҳияи ватанпарварии онҳоро бедор намуд.