Чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар


   Санаи 05.05.2022 дар Толори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бахшида ба 110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ омӯзгори кафедраи забонҳо Шарифзода Лутфулло оид ба ҳаёт ва фаъолияти Мирсаид Миршакар маълумот дод ва ҳамчунин сурудҳо аз эҷодиёти Мирсаид Миршакар ба садо даромаданд.