Вохурии намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо кормандон ва донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов.


      Субҳи имрӯз тибқи нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов вохӯрии намояндаи агентӣ Манучеҳр Соҳибназарзода бо донишҷӯён ва ҳайати устодони консерватория баргузор гардид.

      Намояндаи Агентӣ доир ба рафти иҷрои «Стратегияи давлатии мақовимат бо коррупсия барои давраи то соли 2030» ва татбиқи марҳалаи якуми он солҳои 2021-2025 баромад карда, таъкид намуд, ки ҳар як муассисаи давлатӣ бояд дар асоси ин стратегия нақша чорабиниҳои ҳарсолаи худро дошта ва аз рӯйи он дар ҳамкорӣ бо агентӣ амал кунад.

      Вохӯриҳо бо сохторҳои қудратӣ ва дигар муассисаҳои давлатии назоратию қудратӣ аз ҷумлаи чорабиниҳои тарбиявиест, ки дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов пайваста доир мегардад. Мувофиқи нақшаи чорабиниҳо консерватория ҳамасола бо муассисаҳои давлатии назоратию қудратӣ вохӯриҳо барпо менамояд, ки ин дар тарбияи ҳуқуқӣ ва маърифати сиёсии донишҷӯёну кормандони муассиса нақши муассир дорад.