КОМИССИЯИ ҚАБУЛ БАРОИ ДОХИЛШАВАНДАГОНИ КОНСЕРВАТОРИЯ

     Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов 10 майи соли 2003 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Дар тӯли 17 соли фаъолияташ чун ягона мактаби олӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисони соҳаи касбии му,сиқиро омода намуда,ба истеҳсолот фиристодааст.

      Дар консерватория се факултет ва 13 кафедра фаъолият мекунад. :

  • Факултети иҷрокунандагӣ;
  • Факултети мусиқии суннатии тоҷик;
  • Факултети санъати мусиқии эстрада;

Таҳсил дар ин муассиса аз рӯйи низоми кредитӣ ва омода намудани 14 ихтисоси зерин ба роҳ монда шудааст:

  • ► фортепиано;
  • ► созҳои оркестрӣ(торӣ-камончадор);
  • ►созҳои оркестрӣ(нафасӣ)
  • ► созҳои миллӣ
  • ► дирижёри хор;
  • ► дирижёри оркестри симфонӣ;
  • ► сарояндагии академӣ (операвӣ);
  • ► мусиқишиносӣ;
  • ► композиторӣ;
  • ► сарояндагии эстрадӣ;
  • ► режиссураи овоз;
  • ► сарояндагии суннатӣ;
  • ► навозандагии суннатӣ;

      Айни ҳол дар консерватория 399 нафар донишҷӯ таҳсил менамояд. Аз ин шумора 287 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 97 нафар дар шуъбаи фосилавӣ, 14 нафар магистр таҳсил менамоянд.
      Инчунин, дар консерватория шаҳрвандони хориҷӣ 1 нафар аз Россия, 8 нафар аз Ӯзбекистон, 1 нафар аз ИМА, 1 нафар аз Корея 1 нафар аз Эрон, 1 нафар аз Ҳиндустон таҳсил менамоянд.
      Ҳайати профессорону омӯзгорони консерватория 113 нафар ташкил мекунад. Аз инҳо 2 нафар доктори илм, 11 нафар профессор, 3 нафар номзади илм, 13 нафар дотсент, 1 нафар дотсенти хориҷӣ, 21 нафар омӯзгори калон, 62 нафар омӯзгор фаъолият мекунанд. 62 нафар омӯзгор фаъолият мекунанд.
      Баҳри ба сатҳи профессионалии байналмилалӣ бардоштани ҷараёни таҳсил ба ҳайси омӯзгор ба консерватория мутахассисони барҷастаи хориҷӣ, аз ҷумла профессорони Консерваторияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мустафо Бафоев (композитсия) ва Гулатов И.А. (фагот), пианинанавоз аз Ҷумҳурии Қирғизистон Зайтуна Наримбаева, қӯшнайчӣ Исматулло Тағойқулов аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷалб карда шудаанд.
      Дар муассиса олимони шинохта, устодони варзида ба монанди доктори илмҳои санъатшиносӣ Азизӣ Ф. А., профессорони соҳаи санъат Достизода М., дотсентон Файзалӣ Ҳасанов, Давлат Холов, Миршакар З.М., Пӯлодова Л.Т., Назарова Л.А., Улмасов Ф., Раҳимов К.С. Ёқубов Қ.Ё., Курбонов Қ. Оят Сабзалиевна, Камолова Х.Қ. Каримзода С.С. Бурҳон Мамадқулов ва дигарон ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд.
Консерватория хобгоҳ барои донишҷӯён, китобхона, зали консертии калон ва хурд дорад.

  • Суроға: Бинои таълимӣ –Ҳусензода Ш. 155
  • хобгоҳ - Фирдавсӣ 5/1
  • 2-27-07-12; 911-100-699.