Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов

     Мактаби олии мусиқӣ - Консерваторияи миллии Тоҷикистон зодаи даврони Истиқлол аст. Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ин нуқта таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, зарурати таъсиси консерваторияро дастгирӣ намуд. Маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии давлатии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати ҶТ таҳти №76 бинои Департаменти андоз ва саридораи полиси андози Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ш. Душанбе, кӯчаи Ҳусейнзода 155, ҷиҳати ҷойгир намудани Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба тобеи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Таҳти № 196, аз 10 - уми май соли 2003 Консерваторияи миллӣ таъсис ёфт. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 - уми октябри соли 2008, таҳти №533 «Дар бораи абадӣ гардондани хотираи композитори маъруфи тоҷик Талабхуҷа Сатторов» муассисаи давлатии «Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба Муассисаи давлатии «Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов» номгузорӣ карда шуд.

     Консерватория фаъолияти таълимии худро дар заминаи барномаҳои таълимии асосӣ ва иловагии мактабҳои олии Тоҷикистон ба амал меоварад. Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои таълимӣ - методӣ, илмӣ - тадқиқотӣ, фаъолияти эҷодӣ ва консертӣ - иҷрокунандагӣ мебарад. Консерватория дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба маориф» (15 майи соли 1997) ва «Оид ба фарҳанг», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи мактаби олӣ», «Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стандарти давлатии Таълими маълумоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи консерватория фаъолият мекунад. Консерватория дар заминаи факултетҳои иҷрокунандагӣ ва мусиқии тоҷики Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, бо ҳифзи тахассусҳои фортепиано (арғунун), созҳои оркестрӣ, созҳои миллӣ, мусиқишиносӣ, овозхони академӣ, овозхони анъанавӣ, мутрибони анъанавӣ, композиторӣ, дирижёри оркестри симфонӣ таъсис дода шуд. Баъдан тахассусҳои ба мисли коргардони сабти овоз ва коргардони театрҳои мусиқӣ илова гардиданд.

     Аз соли 2003 консерватория барои баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон, донишҷӯён, аспирантон ва коромӯзон корҳои зиёде анҷом медиҳад. Озмуни дохилии консерваторияро таҳти унвони «Иҷрокунандаи беҳтарин», конфронси илмӣ - амалии донишҷӯён, унвонҷӯёну коромӯзон, ҳамасола баргузор мегарданд. Соли 2005 лоиҳаи «Дарсҳои маҳоратии Фалак дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон» тадбиқ карда шуд. Муаллиф ва роҳбари лоиҳа муҳтарама Азизӣ Ф. А. устодони фалаки тоҷикиро, ки дар маҳалҳои дурдасти кӯҳистон зиндагӣ мекарданд ва бидуни маълумоти академии муосир фалакро дар ҳудуди мактаби суннатии устод - шогирд омӯхта буданд, бевосита ба ҷараёни таълим ҷалб намуд. Соли 2004 бахшида ба зодрӯзи Фазлиддин Шаҳобов дар Толори хӯрди Театри опера ва балет конфронси илмӣ баргузор гардид, ки дар он устодони консерватория аз ҷумла, муҳтарама Азизӣ Ф. А., олимон аз Академияи илмҳо, Вазорати фарҳанг, аҳли ҳунар (аз Кумитаи ТВ ва радио) иштироки фаъолона доштанд. Конфронс дар сатҳи баланди илмӣ гузаронида шуд. Дар ташкили аспирантураи соҳаи мусиқӣ мутахассисони варзида саҳмгузор буданд. Аз зумраи нахустроҳбарон Т. Сатторов, Азизӣ Ф. А, Дилбар Ҳакимова, Юсуф Саодатов, Рауф Сангинов, Маҳматқулов Бурҳон, Сабзалиева Оят, Хайрулло Латипов, Мамадқул Давлатов ва дигарон буданд. Аз солҳои аввали таъсисёбии консерватория роҳбарияти он, алалхусус Т. Сатторов мекушид, ки равобити консерваторияи тоҷикро бо консерваторияҳои мамолики дунё дар ҷодаи таълим пойдор намояд. Аз ин рӯ, барои ассистенткоромӯз Заррина Турсунова (виолончел) ба ҳайси омӯзгор аз Консерваторияи миллии Қирғизистон профессор Зенона Слензак - Бегалиева даъват карда шуд.

     Соли 2005 Раҳмонова Заррина (алт) дар синфи Фудиман Я. И. ва Муҳаббатова Салима (овозхони академӣ) дар синфи профессор С. Курмангалиева, соли 2011 дар Консерваторияи миллии Қазоқистон барои коромӯзӣ рафта омаданд. Бори нахуст, соли 2007 бо ташаббуси ректори аввалини консерватория Т. Сатторов лоиҳаи Фестивали байналмилалии мусиқии касбӣ «Баҳористон» пешниҳод карда шуд. Номгузорӣ ва таҳияи рамзи фестивал ба худи Т. Сатторов тааллуқ дошт. Баргузории нахустфестивали «Баҳористон» баъди вафоти Т. Сатторов сурат гирифт. Пешниҳод шуд, ки ин фестивал минбаъд мунтазам гузаронида шуда, ба хотири композитори маъруф - Фестивали байналмилалии мусиқии касбӣ ба номи Т. Сатторов номгузорӣ шавад. Аз соли 2007 баргузории фестивали «Баҳористон» анъана гардидааст. То имрӯз он аллакай 5 маротиба зери унвони фестивали санъати мусиқии касбӣ (2007), оркестрҳои камеравӣ (2008), мусиқии фортепиано (2009), 200 - солагии композиторон Ф. Шопен ва Р. Шуман (2010) ва башхида ба ҷашни 20 - солагии Истиқлолияти Тоҷикистон - Фестивали байналмилалии навозандагони ҳамватан (2011) гузашт. Саҳми арзандаи композитор ва ходими маъруфи санъати касбӣ Т. Сатторовро дар рушди фарҳанги муосири тоҷик ба назар гирифта, баҳри абадӣ гардонидани номи эҷодкори писандидаи халқ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Консерваторияи миллӣ номи Арбоби хизматнишондодаи санъат, лауреати ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ профессор Талабхуҷа Сатторовро гузошт.

      Дар солҳои минбаъда низ роҳбарияти нави консерватория аз соли 2007 ректор - Раҷабмад Амиров дар партави сиёсати фарҳангии кишвар мекӯшад бо консерваторияҳои хориҷ дар робита бошад. Дар натиҷаи мусоидати Вазорати фарҳанг Консерваторияи миллии Тоҷикистон бо як қатор консерваторияҳову таълимгоҳҳои олии мусиқии Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон ва Олмон қарордодҳо то имрӯз аксаран дар ташрифи ректорони ин кишварҳо ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон зоҳир гардидааст. Бо шарофати таваҷҷӯҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар консерватория барои таҳсил ва эҷодиёт шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар раванди таълим донишҷӯён аз студияи сабти овоз, фонотека, китобхона ва маркази компютерӣ истифода мебаранд. Консерватория аз 2 толор иборат аст. Дар толори хурд консертҳои академӣ ва машғулиятҳои синфи операвӣ гузаронида мешаванд. Дар толори калон, ки аз ҷиҳати акустика беҳамто аст, на танҳо консертҳои гурӯҳҳои ҳунарии консерватория, балки консертҳои ҳунармандони барҷастаи ватанӣ ва хориҷӣ баргузор мегарданд: аз ҷумла, якчанд консерти пианинонавози маъруфи тоҷик Дилбар Ҳакимова (2010 - 2011), Шкарупа В. Д. (2010), барномаҳои консертии фестивали «Баҳористон» (2007 - 2011). Тибқи барномаи таълимӣ дар Консерватория ансамблу оркестрҳои гуногун фаъолият мекунанд. Донишҷӯён ва омӯзгорони консерватория дар озмуну фестивалҳои хориҷӣ иштирок карда, сазовори мукофотҳо гаштаанд, аз ҷумла, ансамбли «Роз» (роҳбар, омӯзгор Қурбонов Қ.) дипломатии Фестивали байналмилалии мусиқии класикии давлатҳои муштаракулманофеъ (Москва, 2009), Далер Исматулло донишҷӯ, дар озмуни мусиқӣ - бадеии «Журавли над Россией» ҷои дуввум (2011 Москва), Омӯзгорон К. Раҳимов, Қурбонов Қ. ва донишҷӯ А. Сатторов дар фестивали байналмилалии «Мусиқии анъанавии халқҳои Осиёи Марказӣ» (Қазоқистон, Алмато 2009), иштирок намуданд. Дар барномаҳои консертии фестивали «Баҳористон» асарҳои композиторони классик ва муосир аз ҷумла, Т. Сатторов, А.Одинаев, Д. Дӯстмуҳаммадов, Зиёдулло ва Толиб Шаҳидӣ, Заррина Миршакар, Ф. Баҳор, Я. Сабзанов, Қ. Ҳикматов, Л. Толис, Х. Ниёзӣ ва дигарон борҳо садо доданд. Солҳои 2009 -2010 якҷоя бо маркази «Бактрия» ва дафтари Шветсария оид ба ҳамкории фестивалҳои ҷаз баргузор гардиданд. Дар он гурӯҳҳои ҷаз аз Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва аз Тоҷикистон «Авесто» ва «Мизроб» иштирок карданд.

     Дар ҳамкорӣ бо сафоратхонаи ИМА ба консерватория пианинонавози амрикоӣ Дэвид Коревар, гурӯҳи ҷаз бо Ари Роналд ва бо ташаббуси сафоратхонаи Австрия дар Осиёи Марказӣ пианинонавоз Андреас Викидал, сароянда Ҷеннифер Дэвисон ва мусиқишинос Надя Коялли маҳфилҳои мусиқиро дар сатҳи баланди касбӣ гузарониданд. Соли 2009 нахустин бор дар таърихи мусиқишиносии тоҷик шаҳрванди тоҷикистонӣ дар Россия рисолаи докторӣ ҳимоя намуд. Тадқиқотҳои илмии ректори имрӯзаи консерватория муҳтарама Азизӣ Фароғат дорои навоварии илмӣ дар сатҳи байналмилалӣ баҳогузорӣ шуда, саҳми арзанда дорад. Хусусан дар ҷодаи Шашмақом барои рисолаи илмии Фазлиддин Шаҳобов «фарсақил», дар ҷодаи Фалак «чормуқом» (чормодарон), якчанд маротиба ба унвонҳои байналмилалӣ Доктори Академияи илмии байналмилалии Antique World (2007) ва Ҷоизаи байналмилалии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ – ECO Fwards (2010), Лауреати Академияи илмии байналмилалии Antique World(2007) сазовор донистанд. Дар ҷодаи таълимӣ - методӣ дастури таълимии «Асосҳои назирияи мусиқӣ» (2001), барномаҳои таълимиро аз фанҳои «Асосҳои мақом» (2008), ва «Солфеҷҷиои этнографӣ» (2009) муаллифи ҳар се - Азизӣ Ф. А. номбар кардан ба маврид аст.