Рӯзи дониш дар консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов

     Санаи 17 августи соли равон дар толори калони консерватория “Дарси сулҳ” дар фазои хуб бо иштироки Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат , ноибони ректори консерватория Каримзода С.С., Абдурасулов И., Латифзода Д.Н. Раҷабзода ва омӯзгорону донишҷӯён шуда гузошт. Аҳли толор ҳама якдилона суҳбати пурмуҳтавои Асусгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро, ба муносибати Рӯзи дониш дар муассисаи таҳсилоти умумии миёнаи № 102-и шаҳри Душанбе мустақиман тариқи оинаи нилгун нишон дода мешуд, шуниданд. Сипас, муҳтарам Давлатзода З.Д. омӯзгорон ва донишҷӯёнро ба соли нави таҳсил муборакбод намуда, дар шароити пандемияи коронавирус барои роияи гигиена шахсӣ ва пешгирӣ аз вируси covid-19 даъват ба амал овард. Ҳамчунин омӯзгоронро барои содиқона хизмат намудан ба миллату давлат ва тарбияи мутахассисони варзидаи соҳаи санъат ва ҳунар ҳидоят намуданд.