Вохӯрии намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Авғонов Ашӯрмуҳаммад бо кормандон ва донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов.


      Имрӯз тибқи нақшаи кории Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Толори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов вохӯрии намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, полковник Авғонов Ашӯрмуҳаммад бо донишҷӯён ва ҳайати устодони консерватория баргузор гардид.

      Зимни мулоқот полковник Авғонов А. аз авзои Афғонистон, минтақа ва ҷаҳон ёдовар шуда, таъмини волоияти қонун, пешгирии ҳама гуна қонуншиканӣ ва ифротгароӣ, таҳким ва ҳифзи сарҳади давлатӣ, мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, пешгирии ҷиноятҳои фаромиллиро зарур шуморида, таъкид намудаанд, ки дар замони муосир экстремизм ва терроризм ифодаи мафкура ва фаъолияте маҳсуб меёбад, ки нияти бо роҳи зурӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ мебошад.

      Ба зурӣ сарнагун кардан ва ё тағйир додани сохти конститутсионӣ, вайрон ва халалдор кардани соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мусоидат кардан ба чунин кирдорҳо ва барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, динӣ, ба фаъолияти экстремистӣ мансуб мебошад, ки ин дар муқаррароти моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо экстремизм» махсус қайд шудааст, гуфт полковник Авғонов А.

      Дар охири вохӯрӣ қайд гардид, ки бо назардошти таҳдиду хатар ва дигар ҷиноятҳои замони муосир шаҳрвандонро зарур аст, ки сатҳи дониши тахассусӣ ва зиракии сиёсии худро баланд намоянд. Бояд гуфт, ки чунин вохӯриҳо бо сохторҳои қудратӣ ва дигар муассисаҳои давлатии назоратию қудратӣ аз ҷумлаи чорабиниҳои тарбиявиест, ки дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов пайваста доир мегардад. Мувофиқи нақшаи чорабиниҳо консерватория ҳамасола бо муассисаҳои давлатии назоратию қудратӣ вохӯриҳо барпо менамояд, ки ин дар тарбияи ҳуқуқӣ ва маърифати сиёсии донишҷӯёну кормандони муассиса нақши муассир дорад.