Силсилачорабиниҳо бахшида ба рузи “Фалак”

      Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов бахшида ба рӯзи “Фалак” силсилачорабиниҳои муҳими эҷодӣ, илмӣ-методӣ, мизҳои мудаввар, силсилахонӣ дар фалак бо эҷоди нав, таҳияи маҷмӯаҳои нотавӣ ва Шомҳои фалакхониро баргузор намуд. 8-уми октябр рӯнамоии китоби “Фалак”-и Саъдулло Каримзода, дотсенти кафедраи сарояндагии анъанавии факултети мусиқии суннатии тоҷик баргузор гардид.

      Дар ҳамоиш ректори консерватория Достизода Миралӣ, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Азизӣ Фароғат Абдуқаҳҳорзода, и.в. профессори кафедраи сарояндагии анъанавӣ Файзалӣ Ҳасан ва худи муаалиф суханронӣ намуда, дар бораи нақш ва аҳамияти китоби тозанашр дар тарбияи мутахассисони касбии соҳаи санъати мусиқӣ ибрози ақида намуданд. Дар идомаи чорабинии мазкур аз ҷониби устодон ва донишҷӯёни консерватория силсилаи фалак бо панҷ гардиш иҷро карда шуд.

      Ҳамчунин санаи 9-уми октябр бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи фалак дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов барномаи консертии бошукӯҳ таҳти унвони “Шоми фалакхонӣ” бо иштироки муовинони Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Назариён Обид Одил ва Шарифзода Манучеҳр Муртазо барпо карда шуд, ки дар он устодон ва донишҷӯёни факултети мусиқии суннатии тоҷик дар сатҳи баланди касбӣ ҳунарнамоӣ намуданд.

      Устодони фалак Давлатманд Холов ва Файзалӣ Ҳасанов консерти мазкурро оғоз намуда, ҳозиринро бо Рӯзи фалак табрику таҳният гуфтанд. Дар анҷоми барнома ноиби ректор оид ба таълим Каримзода Саъдулло аз номи роҳбарияти консерватория ба таҳиягарон ва иштирокчиён изҳори сипос намуд.