МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ ВА КОНСЕРТИ ҶАШНӢ БАХШИДА
        БА 26-СОЛАГИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН
                                 ДАР КОНСЕРВАТОРИЯИ МИЛЛӢ.

      Дар асоси барқияи Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 30. 11. 2020, №53 бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 26-солагии таъсисёбии ҲХДТ, санаи 8.12.2020 маҷлиси тантанавӣ ва консерти идонаи ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон зери унвони “Қудрате, ки мардумро сарҷамъ намуд” дар Толори калони косерватория бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, ректори консерватория, аъзоёни ташкилоти мазкур ва роҳбарони муассисаву ташкилотҳои ноҳия баргузор гардид.