Ифтихорнома ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов

     Рӯзи 18- уми ноябр дар консерваторияи миллии Тоҷикистон бо намояндаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҷабалӣ Турсунзода вохурӣ баргузор гардид. Донишҷуёни консерватория барои иштироки фаъол дар дар бахшҳои варзишии Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе бо ифтихорнома сарфароз гардонида шудаанд.