Ҳамоиши ҷавонони касбу кори гуногуни кишвар ба ифтихори 30-сологии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон


      Дирӯз дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонони касбу кори гуногуни кишвар ба ифтихори 30-сологии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Нақши ҷавонон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо» барпо гардид, ки дар он ҷавонони соҳаҳои гуногун аз донишгоҳ ва донишкадаҳои олии кишвар ва шаҳрвандоне, ки забони тоҷикиро хуб омӯхтаанд иштироки фаъолона намуданд. Дар ин ҳамоиш аз Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов 13 нафар донишҷӯён, аз ҷумла 3 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ва устодони консерватория ширкат намуданд. Дар ҳамоиш устодону донишҷӯёни консерватория бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома» аз тарафи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.