ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗӢ ДАР КОНСЕРВАТОРИЯ

      Наврӯзи Аҷам яке аз куҳантарин ҷашни башарият буда, дар таърихи фарҳанги миллии тоҷикон аз ниёгони муаззамаш, то ба имрӯз ҳамчун мероси арзишманд боқӣ мондааст. Ин ид ҳамчун ҷашни бедоршавии табиат, баробарии шабу рӯз ва ивазшавии як фасл ба фасли дигар муаррифӣ гардидааст.

      Дар ин робита, ба хотири арҷгузорӣ ба суннатҳои миллии ниёгонамон санаи 19.03.2021 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ҷашни Наврӯзи Аҷам баргузор шуд. Сараввал, сухани табрикотии ректори консерватория муҳтарам Достизода Миралӣ ба муносибати ҷашни ҷаҳонии Наврӯз ба аҳли толор ироа шуда, сипас тибқи Нақшаи чорабинӣ консерти идона оғоз гардид.

      Дар чорабинӣ Ректори консерватория Достизода Миралӣ устодони консерваторияро, ки шогирдони онҳо дар озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” иштироки фаъолона доштанд, бо ифтихорнома қадрдонӣ намуданд. Инчунин, донишҷӯёне, ки дар озмунҳои дохилии консерватория бахшида ба Наврӯзи оламафрӯз иштирок намуданд, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, бо ифтихорнома ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.

      Барномаи фарҳангию фароғатии омода намуда, ки бештари онҳоро донишҷӯён ташкиш медоданд, ба чорабинӣ фазои хосаи идонаю фарҳангӣ бахшида, аз ҷониби кулли ҳозирин бо қаноатмандию хушҳолӣ пазируфта шуд.