Ғолибони озмуни «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»


      Рӯзи 16-уми ноябр дар Театри давалатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ даври ниҳоии озмуни «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

      Озмун бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон баргузор мегардад.

      Озмуни «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» баҳри тарғиби санъати асил, боз ҳам ғанитар гардонидани фазои маънавии ҷомеаи муосир ва таҳкими унсури дунявии фарҳанги миллии тоҷик равона гардидааст.

      Озмуни «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» баҳри тарғиби санъати асил, боз ҳам ғанитар гардонидани фазои маънавии ҷомеаи муосир ва таҳкими унсури дунявии фарҳанги миллии тоҷик равона гардидааст.

      Ғолибият муборак!