Парчам муаррифгари миллат - чорабинии фарҳангӣ
                                               бахшида ба рӯзи Парчам.

      Рӯзи 23 – уми ноябри соли 2020 дар толори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бахшида ба рӯзи Парчами давлатӣ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.Пас аз суханронии ректори Консерватория М.Достизода дар бораи моҳият ва аҳамияти Парчами миллӣ дар ҳаёти сиёсиву фарҳангии ҷомеъа барномаи консертӣ бо суруду таронаҳо дар васфи Парчам,Ватан ва Пешвои миллат пешкаши ҳозирин гардонида шуд.