Чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Президент ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон


      Имрӯз дар Толори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Президент ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Сараввал Ректори консерватория профессор Миралӣ Достизода ҳозиринро бо ин рӯз табрик намуда, арзишҳои онро баён намуданд. Дар чорабинии мазкур Раиси кумитаи иҷроияи ҳизби халқӣ демократии Тоҷикитсон дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад иштирок карда, суханронӣ намуданд. Чорабинии фарҳангӣ ба иштирокдорон рӯҳияи баланди миллӣ ва хотираҳои нек ато намуд.