Ифтитоҳи нимпайкараи Талабхӯҷа Сатторов.

      Рӯзи 2-юми декабри соли 2020 дар консерватория ифтитоҳи нимпайкараи Талабхӯҷа Сатторов, нахустин ректори консерваторияи милии Тоҷикистон бошукӯҳ таҷлил гардид. Дар маросим муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Назариён Обид Одил, намояндагони илму адаб ва фарҳанг ширкат намуданд.Пас аз аз ифтитоҳ бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯёни консерватория консерти академӣ аз асарҳои намоёни Талабхӯҷа Сатторов ташкил ва баргузор гардид.