ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН                                                        ДАР КОНСЕРВАТОРИЯ

     Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов чорабинии тарбиявӣ ва консерти идона бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони “Рӯзи Президент ҷашни миллӣ ва таърихист” баргузор гардид. Дар аввал профессор Сайфулло Сафаров аз корномаи ибратбахши Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шуҷоату мардонагии эшон таҳлилҳои ҷолиб баён намуданд. Сипас, донишҷӯёни факултетҳои мусиқии суннатии тоҷик ва иҷрокунандагӣ консерти идонаи худро пешкаши аҳли толор намуданд. Баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангӣ бо мақсади эҳтирому гиромидошти заҳматҳои Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ва пайравӣ аз кору пайкори ин абармарди милатти тоҷик мебошад.