Чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид, ки ба 150-солагии оҳангсози маъруфи рус Сергей Рахманинов ва 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия


   Санаи 04.05.2022 дар Толори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид, ки ба 150-солагии оҳангсози маъруфи рус Сергей Рахманинов ва 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия бахшида шуда буд. Ин чорабинии фарҳангиро ректори Академияи мусиқии Россия ба номи Гнесинҳо (АМР), доктори санъатшиносӣ, профессор Рыжинский Александр Сергеевич, доктори илмҳои санъатшиносӣ, доктори илмҳои равоншиносӣ, ноиби ректор оид ба робита бо ҷомеаи АМР, профессор Кирнарская Дина Константинова, Ҳунарпешаи шоистаи Россия, профессори АМР Юрий Богданов ва профессори АМР Екатерина Стародубровская бо як санъати воло иҷро намуданд. Суратгузориш аз ҷараёни баргузории чорабинӣ: