Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст!


      Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст. Раёсати Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов кулли сокинони кишварро ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ, ки рамзи бахту саодат ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон буда, симои мардуми тамаддунсози моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунад, самимона табрик менамояд.

      Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак ҳамдиёрони азиз!