Пайғоми нек!

Posted Tue, 04/11/2023 - 17:14
By admin

Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо донишҷӯёни Консерватория дар озмунҳои байналмилалӣ иштирок намуда, санъати мусиқии касбии тоҷикро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ менамоянд.

Аз санаи 6 то 8-уми апрели соли равон дар шаҳри Қизилордаи Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти унвони "Туған жер" озмуни байналмилалии сарояндагон ба номи Кенес Дуйсекеев баргузор гардид.

Дар озмуни мазкур миёни 28 нафар иштирокчиён аз кишварҳои гуногун донишҷӯи курси 3-юми шуъбаи сарояндагии академӣ Абдуллозода Шерзод иштирок намуда соҳиби диплом гардид.

Теги