Рӯнамоии китоб аз эҷодиёти Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Исматулло Холиқов

Posted Thu, 02/29/2024 - 18:21
By admin

28-уми феврал дар толори консертии «Кохи Суруш»-и пойтахт чорабинии бошукӯҳ – рӯнамоии китоб аз эҷодиёти Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Исматулло Холиқов таҳти унвони “ Чашмаи меҳр”бо барномаи рангини консертӣ доир гардид.

Дар маросими муаррифии ин китоб вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, муовинони вазири фарҳанг Назариён Обид Одилзода ва Шарифзода Манучеҳр Муртазо, намояндагони аҳли фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, муовини якуми раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ, муовини раиси ҳизб Хайринисо Юсуфӣ, Асрор Латифзода ва раисони ҳизби вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок доштанд.

Дар ифтитоҳи ҷорабинии мазкур вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Саториён Матлубахон Амонзода сухан гуфта,оид ба фаъолияти пурсамари Исматулло Холиқов ва саҳми беандозаи ин устоди ҳунар дар рушди санъати мусиқии эстрадаи тоҷик ибрози ақида намуданд.

Баъдан, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Аслиддин Низомов дар бораи аҳамияти китоби мазкур барои муҳассилини мактабҳо, коллеҷҳои санъат ва Консерватория сухан ронда, онро як дастоварди бузург барои мактаби санъати эстрадаи тоҷик арзёбӣ намуд.

Барномаи консертӣ аз эҷодиёти Исматулло Холиқов таҳия гардида, дар ташкил ва баргузории он оркестри эстрадии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, донишҷӯён ва омӯзгорони муассиса саҳм гузоштанд.

Барномаи консертӣ хеле ҷолибу рангин буда, ҳамаи суруду оҳангҳо ба таври зинда, бе истифодаи фонограмма иҷро гардиданд ва аз ҷониби меҳмонон хеле хуб пазируфта шуданд.