ТАШАББУСКОРИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ГЛОБАЛӢ


      Дар таърихи давлатдории кишварҳои ҷаҳон шахсиятҳои таърихиву барҷаста ва номбардоре арзи ҳастӣ кардаанд, ки онҳо дар марҳалаву вазъиятҳои мураккаб ва ҳасос барои кишварашон ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обрӯву мақоми давлаташон нақши абадӣ гузоштаанд. Яке аз чунин шахсиятҳои барҷаста Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки дар вазъияти сарнавиштсоз барои миллати тоҷик ба арсаи сиёсат омада, сулҳу субот ва амнияту оромиро барои мамлакати худ оварданд.

      Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд.

      Мардуми шарафманди тоҷик Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҷашни фархунда, чун рамзи садоқат ба Президент – садоқат ба Ватан, ҳифзкунандаи манфиатҳои миллӣ таҷлил менамоянд.

      Воқеан, хизматҳои шахсияти беназир Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати миллии тоҷик, барқарории ҳокимияти сиёсии давлатӣ ва истиқлолият, пешгирии хатари нобудшавии миллат, хомӯш намудани оташи ҷанги дохилӣ ва барқароркунандаи сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият хеле бузург аст.

      Бо ба назар гирифтани иқдому ташаббусҳои созандаи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдати сартосарӣ, оромиву субот, сарҷамъии миллат, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, қабули қонунҳои миллӣ, таъмини самараноки рушди маорифу фарҳанг, бо азму иродаи қавӣ ва устуворона иброз менамоем, ки ӯ - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ва поягузори низоми навини давлатдорӣ ва ҳуқуқии миллии Тоҷикистон мебошад.

      Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рузи 16 ноябр рӯзи Президент пазируфта шуда он аз ҷониби мардуми шарафманди тоҷик дар дохил ва хориҷи кишвар ҷашн гирифта мешавад.

      Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак ҳамватанони гиромӣ!