Таҷлили «РӮЗИ МОДАР» дар Консерватория

Posted Thu, 03/07/2024 - 22:33
By admin

Субҳи имрӯз бо ташаббуси кафедраи забонҳо дар Толори хурди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бахшида ба «Рӯзи модар» конференсияи илмӣ-адабӣ зери унвони «Зиндагӣ аз Модар сарчашма мегирад» баргузор гардид.

Дар конференсия маърузаи Шарифзода Л. дар мавзуи «Шоҳнома» ва мақоми иҷтимоии зан дар ҷомеа», Сироҷзода С. дар мавзуи «Ҷойгоҳи зан-модар дар меҳвари меъёрҳои байналмилалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қурбонов О.Б. дар мавзуи «Ҷойгоҳи зан-модар дар Паёмҳои Пешвои миллат» шунида шуд.

Дар ин конференсия муҳимтарин вижагиҳои зан-модар қайд гардид. Ҳамчунин, дар рафти баргузории конференсия донишҷӯёни ҳар се факултети Консерватория доир ба васфи модар порчаҳои шеърӣ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ қироат намуданд.

Пас аз ин донишҷӯён барномаи консертиро манзур намуданд, ки хотири иштирокчиёнро болида намуд.