Вохӯрии раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода

Posted Thu, 03/14/2024 - 17:43
By admin

Имрӯз дар Толори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов вохӯрии раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода бо ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён оид ба паҳлуҳои асосии вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин, ки санаи 9-уми марти соли равон дар Кохи Ваҳдат доир гардида буд, ҳамоиш баргузор шуд.

Нахуст, ректори Консерватория Миралӣ Достизода меҳмонону ҳозиринро хайрамақдам гуфта, зикр намуданд, ки ҳар як фарди ҷомеаи имрӯза бояд аз дастуру ҳидоятҳои сарвари давлат истифода бурда, барои пешгирӣ аз бегонапарастию хурофотпарастӣ кӯшиш намояд ва дар расидани ҷомеа ба давлати замонавии рушдкардаи дунявӣ ҳиссаи худро гузорад. Ректор ин нуқтаро махсус қайд карданд, ки сарвари муҳтарами давлат мунтазам таъкид менамоянд: “Хурофот хатарест, ки ба имрӯзу ояндаи Тоҷикистон ва минтақа таҳдиди ҷиддӣ дорад” ва “Хурофотпарастӣ сарчашмаи ҷаҳолату торикӣ буда, ба миллату давлат танҳо бадбахтӣ меорад ”. Инчунин, илова намуданд, ки мутаасифона, дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон хурофотпарастӣ ба ҳадде расидааст, ки пеши роҳи онро бояд гирифт. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд ба омӯхтани илму дониш рӯ оранд ва бениҳоят ҳушёру зирак бошанд, то ба доми чунин ашхоси хурофотпараст наафтанд. Баъдан риштаи сухан ба Зулфиқор Гулаҳмадзода дода шуд.

Дар оғози сухан, Зулфиқор Гулаҳмадзода ба роҳбарияти Консерватория ҷиҳати даъват изҳори сипос намуда, ҳамаи ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфтанд. Сипас, оид ба вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таъсири омилҳои номатлуб ба зеҳни ҷавонони мо, ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди давлат ва нигоҳдории амнияти кишвар, шомил гардидани ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ва дигар масъалаҳои мубрам суҳбати самимӣ оростанд.

Дар фарҷоми ҳамоиш, профессори кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ ва гуманитарӣ Сайфулло Сафаров, ки шахсан дар вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок доштанд, оид ба баргузорӣ ва ҳадафҳои он фикру андешаҳои худро баён намуданд.