Баргузории нишасти матбуотӣ дар Консерватория

Posted Wed, 08/09/2023 - 21:39
By admin

Санаи 8-уми августи соли 2023 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2023 барпо гардид.

Дар нишасти мазкур зиёда аз 15 нафар нафар намояндагони ВАО ширкат намуданд.

Ректори Консерватория Достизода Миралӣ ба ҳозирин ҳисобот оид ба фаъолияти таълимӣ-методӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, эҷодӣ ва тарбиявӣ, фаъолияти байналмилалӣ, бахши кор бо хатмкунандагон ва курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзиро ироа намуданд.

Дар ҳисоботи мазкур қайд карда шуд, ки нерӯи илмиву эҷодии устодон дар Консерватория дар давраи ҳисоботӣ 34,55 % мебошад.

Ҷамъбасти сессияи тобистонаи соли таҳсили 2022-2023 96%-ро ташкил намуда, шумораи хатмкунандагон 67 нафар аст.

Ҳамаи  хатмкардагон дар муассисаҳои фарҳангии Вазорати фарҳанг, дастаҳои ҳунарии Кумитаи давлатии телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муассиасаҳои кишвар пурра ба кор ҷалб карда шуданд.

Оид ба фаъолияти эҷодии Консерватория зикр гардид, ки дар шаш моҳи аввали соли 2023 дар Консерватория зиёда аз 30 чорабиниҳои бошукӯҳи сиёсӣ ва фарҳангию маърифатӣ ташкил ва баргузор карда шуд.

Яке аз дастовардҳои калонтарини илмии Консерватория таъсиси нахустин Шурои муштараки диссератсионӣ дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар заминаи Консерватория ба ҳисоб меравад.

27 майи соли 2023 ҳимояи рисолаи номзадии Давлатзода Б.Д. дар мавзуи “Таджикский  щипковый хордофон в системе национального ансамблево-оркестрового музицирования”  дар Шурои мазкур баргузор карда шуда, мавод ба КОА назди Президенти ҶТ ирсол гардид.

Профессорон ва устодони Консерватория дар симпозиумҳои байналмилалӣ дар ҷумҳур ва хориҷи кишвар иштирок намуданд.

Ректори Консерватория дар ҷамъбасти суханронӣ қайд намуданд, ки моҳи сентябри соли равон дар назди Консерватория таъсиси лабораторияи созҳои миллӣ дар назар аст.

Ҳамчунин, бахшида ба 20-солагии таъсисёбии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов баргузории консерти бошукӯҳ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ба нақша гирифта шудааст.