Барномаи консертӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба

Posted Mon, 05/08/2023 - 17:32
By admin

Имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов бо иштироки донишҷӯён ва ҳунармандони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ба муносибати 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба барномаи консертӣ барпо гардид.

Дар барнома суруду оҳангҳо аз эҷодиёти композиторони машҳури  тоҷик, рус ва хориҷӣ садо доданд.  Хосатан сурудҳои "Журавли", "Вот кто-то с горочки спустился" ва "Иди Зафар" хеле  рамзӣ буда, ба кулли ҳозирин писанд омад.