Беҳрӯз Сайфиддинов дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷои аввал шуд

Posted Thu, 11/30/2023 - 03:55
By admin
sayfiddinov-behruz

27-уми ноябри соли равон дар Консерваторияи давлатии Тошканти Ҷумҳурии Ӯзбекистон озмуни байналмилалии олимон-мусиқишиносони ҷавон таҳти унвони “Мусиқии давлатҳои Авруосиё дар контексти ҷаҳонӣ ”доир гардид.

Сайфиддинов Беҳрӯз мудири кафедраи фортепианои тахассусӣ дар номинатсияи “Мусиқишиносӣ” (гуруҳи аспирантон ва омӯзгорон) ширкат намуда сазовори дипломи дараҷаи 1-ум гардид.

Ба ин муносибат роҳбарияти Консерватория ва ҳайати профессорону омӯзгорон Сайфиддинов Беҳрӯзро табрику таҳният гуфта,  дар корҳои минбаъдаи илмиву эҷодӣ комёбиҳои нав ба нав таманно менамоянд.