Ҷоиза муборак!

Posted Sat, 09/02/2023 - 08:43
By admin
Азизӣ Фароғат Абдуқаҳҳорзода

Профессори кафедраи таърих ва назарияи мусиқӣ, доктори илмҳои санъатшиносӣ Азизӣ Фароғат Абдуқаҳҳорзода барои таълифоти арзишманд дар соҳаи санъати мусиқии касбӣ аз ҷониби Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ба Ҷоизаи мусиқии ба номи Борбад сарфароз гардиданд.

Ба ин муносибат, роҳбарияти Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ва ҳайати профессорону омӯзгорон муаллимаи азизро табрику муборакбод намуда, дар фаъолияти пурсамарашон бурдбориҳо таманно менамояд!