Дар ин озмуни байналмилалӣ донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон сазовори ҷойҳои намоён шуданд

Posted Tue, 12/26/2023 - 16:58
By admin
Консерваторияи миллии Тоҷикистон

Дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия озмуни байналмилалии иҷрокунандагони созҳои нафасӣ ва зарбӣ «MARCATO» баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни шуъбаи созҳои оркестрии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бо роҳбарии омӯзгори кафедра  Далер Раҷабов иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

Дар номинатсияи созҳои нафасӣ  аз синни 16 то 19 намояндаи Тоҷикистон Савсан Сафдаршоева бо дипломи лаурети дараҷаи I сарфароз гардид.

Инчунин дар номинатсияи ансамблҳои донишҷӯёни муассисаҳои олии касбӣ квинтети кларнетнавозон бо роҳбарии Далер Раҷабов иштирок намуд, ки онҳо низ сазовори дипломи дараҷаи I гардиданд.

Барои касбияти баланд, хизматҳои шоён ва саҳми беандоза дар рушди фарҳанг ва санъат омӯзгор Далер Раҷабов ва консертмейстер Фируза Комил аз ҷониби Кумитаи тадорукоти озмун бо сипосномаҳо қадрдонӣ  шуданд.

Бояд гуфт, ки дар муваффақияти донишҷӯён саҳми устодони онҳо назаррас аст, чунки маҳз ба туфайли заҳмати чунин устодони асил ҷавонони соҳибистеъдод ба муваффақиятҳои калон ноил мегарданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»