Консерти яккаи хатмкардаи Консерваторияи миллии Тоҷикистон Нозанин Комилова

Posted Mon, 03/04/2024 - 20:25
By admin

Имрӯз дар Толори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов консерти яккаи хатмкардаи Консерватория, солисти Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Нозанин Комилова баргузор гардид.

Дар консерт асарҳои композиторони Ватанӣ ва ҷаҳонӣ садо доданд.

Дар барномаи консертӣ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, муовини вазир Обид Назариён, директори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Камолиддин Сайфиддинзода ва дигар намояндагони аҳли фарҳанг ширкат намуданд