Муваффақиятҳои навбатии ҷавонони Консерватория

Posted Tue, 02/27/2024 - 19:07
By admin
Муваффақиятҳои навбатии ҷавонони Консерватория

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз омӯзгорон ва кормандони ҷавони Консерватория дар қатори дигар ҷавонони муваффақи кишвар дар пешравии он саҳмгузоранд. Мусаллам аст, ки хизмати содиқона ва софдилонаи онҳо ҳамеша қадрдонӣ карда мешавад.

Донишҷӯи курси 4-уми шуъбаи сарояндагии анъанавӣ Тошхӯҷаев Мустафохӯҷа барои ҳамкорӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар соли 2023 аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо диплом сарфароз гардонида шуд.

Ҳамчунин, омӯзгори калони кафедраи забонҳо Қурбонов Оятулло барои ҳамкории судманду самарабахш дар рушди забони давлатӣ сазовори ифтихорномаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

Дар баробари ин се нафар кормандони ҷавони муассиса, Тошов Муҳаммадюсуф, Шарифи Ашур ва Каримов Раҳматулло аз курси такмили ихтисоси ДМТ гузашта, соҳиби диплом гардиданд.

Муваффақиятҳо ва пешравии донишҷӯён, омӯзгорон ва кормандони муассиса ҳамеша дар мадди назари роҳбарият буда, боиси хурсандӣ ва ифтихори ҳар яки мост.