Пайки нек!

Posted Wed, 09/13/2023 - 08:39
By admin
Исломов Нусрат ва Ашурова Бунавша

Мудири шуъбаи фосилавӣ ва такмили ихтисоси кормандон Исломов Нусрат ва мудири кафедраи сарояндагӣ ва навозандагии эстрадӣ Ашурова Бунавшаро барои хизматҳои шоиста, масъулияти шахсӣ ва фаъолияти босамари касбӣ ба муносибати 32-юмин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур бо сипоснома қадрдонӣ гардиданд.

Ба ин муносибат эшонро аз номи роҳбарият ва аҳли кормандони Консерватория табрику таҳният гуфта, дар фаъолияти минбаъдаашон бурдбориҳо ва муваффвқиятҳо таманно менамоем.