Рӯзи Дониш

Posted Fri, 09/01/2023 - 15:51
By admin

Ҳамасола рӯзи якуми сентябр дар яке аз муассисаҳои олии кишвар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад.

Имсол якуми сентябр Рӯзи дониш ва дарси сулҳ бо иштирок ва суханронии Пешвои миллат дар Донишгоҳи давлатии тиббии ноҳияи Данғара доир гардид. Ҳайати профессорон, устодон ва донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов суханронии сарвари давлатро тариқи сабти мустақими шабакаҳои телевизионӣ дар Толори калон тамошо намуданд.

Пешвои миллат дар суханронии худ бори дигар таъкид намуданд, ки рушди ояндаи миллату давлат ба сатҳи баланди дониш, маҳорату малака ва касбияти мутахассисони ҷавонон вобаста буда, онҳоро мебояд ба сатҳи донишандӯзии худ ва азхуд кардани забонҳои хориҷӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд. Ҳамчунин сарвари давлат зикр намуданд, ки нақши омӯзгорон дар бунёди ҷомеаи бомаърифат хеле муҳим аст ва худи омӯзгорон низ бояд дониши худро мунтазам такмил дода, дар таълим ва тарбияи хонандагону донишҷӯён навовариҳо ворид созанд.

Имрӯз ба Консерватория мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пайшанбезода Муҳиддин Шоҳинбод ташриф оварда, донишҷӯён ва омӯзгоронро ба муносибати оғози соли нави таҳсил табрику таҳният гуфтанд.