Таҷлили бошукӯҳи ҷашни байналмилалии Наврӯз

Posted Mon, 03/18/2024 - 17:39
By admin

Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад. Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи барра (ҳамал) ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сонияе, ки ворид шуд, соли нав фаро мерасад. Наврӯз ҷашнест созандаву сулҳовар, муттаҳидкунандаи инсонҳо ва таблиғкунандаи дӯстию рафоқат, баробарӣ, адолату додгустарӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсонҳост.

Мувофиқи қарори Асамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид 21-уми март Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон гардида, акнун Наврӯз ҳамасола дар тамоми ҷаҳон таҷлил мегардад. Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон Наврӯз бо тамоми шукӯҳу ҷалолаш эҳё гашта, ба ҷашни асосии миллии тоҷикон табдил ёфт ва дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил карда мешавад.

Имрӯз барои аҳли фарҳанг рӯзи басо хотирмон хоҳад шуд. Ҷун бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми муассисаҳои таълимиву эҷодии зертобеъи вазорат, ҳама сарҷамъ омада, бузургтарин ҷашни миллии ниёгони мо, ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯзро дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таҷлил намуданд.

Намояндагони ин муассисаҳо бо густурдани дастархони Наврӯзӣ, омодасозии таомҳои миллӣ, ба намоиш гузоштани намунаҳои санъати миллии ниёгонамон ва иҷрои рақсу сурудҳои идона ба ин ҷашн як ҳусну таровати хоссае зам карданд. Устодон ва донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов низ дар ин чорабинии идона ширкат варзида, бо иҷрои суруду оҳангҳои миллӣ табъи меҳмононро шод гардониданд.