Базми наврӯзии дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов.

Posted Thu, 03/16/2023 - 18:09
By admin

Ректори Косерватория, профессор Достизода Миралӣ меҳмонон, ҳамкасбон, донишҷӯён ва кулли ҳозиринро бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдати миллӣ  ва дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ  бо Ҷашни байналмилалии Наврӯз табрику муроракбод намуд.

Ба онҳо самимитарин таманниёти наврӯзи хуҷастапайро расонида, барояшон саломатию сарбаландӣ, шодкомию хуррамӣ, саодатмандию нусрат, рӯзгори пурфайзу баракат орзу намуд.

Зикр карда шуд,  ки имсол Наврӯз 5701-умин бор ҷашн гирифта мешавад.
Ҷаҳонишаваии Наврӯз дар марҳилаи нави таърихи давлатдории мо имкон фароҳам овард, то мардуми олам ба ин иди миллии мо бештар таваҷҷуҳ намояд, “суннату анъанаҳои неку созандаи он, ғояи инсондӯстона, меҳру шавқат, хусусият ва василаи эҷодкорона, созандагиву ободкории ин ҷашни бузургро” чун арзиши башарӣ эътироф намояд.

Аз ин рӯ,  чи тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикр менамоянд, “мо ифтихор мекунем, ки Тоҷикистони мо - Ватани Наврӯз аст”. Махсусан, мо мутахассиони соҳаи фарҳанг ва санъати кишвар доир ба пос доштани ин ҷашни аҷдодӣ, ҳифз намудани унсурҳои он, бегазанд ба насли наврас интиқол додани анъанаҳои  он рисолату масъулияти баланд дорем.

Ҳар як маҳсули эҷоди мо таранумгари суннатҳо ва панду ҳикматҳои наврӯзӣ, тарғибгари сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ғояҳои инсондӯстӣ бояд бошад, - гуфтанд дар суханронии хеш ректори Консерватория, Миралӣ Достизода.