Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов

Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов

Posted Tue, 04/18/2023 - 09:47
By admin
Консерваторияи миллии Тоҷикистон

Консерваторияи миллии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (№196) аз 10 майи соли 2003 дар заминаи факултети иҷрокунандагии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таъсис ёфтааст. Нахустин ректори Консерватория композитори маъруфи тоҷик Талабхӯҷа Сатторов тайъин гардид.

31 октябри соли 2008 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (№533) «Дар бораи абадӣ гардондани хотираи композитори маъруфи тоҷик Талабхӯҷа Сатторов» Муассисаи давлатии «Консерваторияи миллии Тоҷикистон» ба Муассисаи давлатии «Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов» номгузорӣ карда шуд.

Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ягона мактаби олиест, ки дар Тоҷикистон мутахассисони соҳаи мусиқии касбиро тарбия менамояд.

Дар Консерватория тибқи равияҳои асосии мусиқии касбии тоҷик се факултет:

  • факултети иҷрокунандагӣ (классикаи ҷаҳонӣ ва мусиқии композитории тоҷик),
  • факултети мусиқии суннатии тоҷик (асосан дар асоси Шашмақом ва Фалак),
  • факултети санъати мусиқии эстрадӣ (равияҳои муосири мусиқии тоҷик),

13 кафедра:

  • кафедраи композитсия ва созбандӣ;
  • кафедраи таърих ва назарияи мусиқӣ;
  • кафедраи фортепианои тахассусӣ;
  • кафедраи сарояндагии академӣ ва дирижёри хор;
  • кафедраи созҳои оркестрӣ;
  • кафедраи созҳои халқӣ;
  • кафедраи сарояндагии анъанавӣ;
  • кафедраи мутрибони анъанавӣ;
  • кафедраи сарояндагӣ ва навозандагии эстрадӣ;
  • кафедраси режиссураи овоз;
  • кафедраи фортепианои умумӣ;
  • кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ гуманитарӣ;
  • кафедраи забоҳо.

ва 10 раёсату шуъбаҳо:

  • Раёсати таълим;
  • шуъбаи ғоибона ва такмили тахассуси кормандон;
  • шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо хатмкунандагон;
  • шуъбаи магистратура ва доктор PhD;
  • шуъбаи иттилоот ва робитаҳои байналмилалӣ;
  • шуъбаи тайёрӣ;
  • маҷаллаи илмӣ;
  • шуъбаи кадрҳо;
  • шуъбаи коргузорӣ;
  • шуъбаи муҳосибот

фаъолият дорад. Таҳсил дар муассисаи мазкур аз рўйи низоми кредитӣ ба роҳ монда шуда, донишҷӯён дар гурӯҳҳои буҷавӣ ва шартномавӣ таҳсил менамоянд. Ҷараёни таҳсил дар шаклҳои рӯзона ва фосилавӣ амал намуда,  донишҷӯён аз рӯйи 13 ихтисоси зерин ба таҳсил фаро гирифта мешаванд:

  1. 1-170303-01 Санъати эстрадӣ (мусиқии созӣ);
  2. 1-170301-03 Санъати эстрадӣ (сарояндагӣ);
  3. 1-210402-01 Санъатшиносӣ-Мусиқишиносӣ;
  4. 1-160103 Фортепиано;
  5. 1-160104 Асбобҳои созии камончадор (созҳои камонӣ аз рӯйи самтҳо);
  6. 1-160106 Асбобҳои нафасӣ (созҳои нафасӣ аз рӯйи самтҳо);
  7. 1-160108 Асбобҳои халқии тории мизробӣ-зарбӣ (созҳои халқӣ (аз рӯйи самтҳо);
  8. 1-180101-0102 Мусиқии халқӣ «Мутрибони анъанавӣ»;
  9. 1-160110-01 Сурудхони академӣ «Сарояндаи академӣ»;
  10. 1-160110-02 Сурудхони халқӣ «Сарояндагони анъанавӣ»;
  11. 1-160102-02 Дирижёри хори академӣ;
  12. 1-160101 Композитсия;
  13. 1-170102-15 Режиссураи ороиши овозӣ (Коргардони сабти овоз (мусиқӣ).

Консерватория бо консерваторияҳои давлатҳои хориҷӣ аз ҷумла бо давлатҳои ИДМ шартномаи ҳамкорӣ дорад:

  1. Консерваторияи давлатии ш. Екатеринбурги ФР;
  2. Консерваторияи давлатии ш. Москваи ба номи П. Чайковский ФР;
  3. Консерваторияи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
  4. Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ш. Москва;
  5. Академияи давлатии фарҳанг ва санъати ш. Челябинск;
  6. Консерваторияи миллии ш. Новосибирск ба номи М. И. Глинки;
  7. Донишгоҳи фарҳанг ва санъати ш. Вангени Олмон;
  8. Консерваторияи миллии Ҷумҳурии Қазоқистон ба номи Курмангази;
  9. Консерваторияи миллии Ҷумҳурии Қирғизистон;
  10.  Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ш. Чувашски ФР;
  11.  Академияи мусиқии Россия ба номи Гнесин;
  12.  Академияи мусиқии Украина ба номи П. Чайковский;