Қадрдонии кормандони Консерваторияи миллӣ бахшида ба 35-солагии истиқлоли давлатӣ
29 октябри соли 2026 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими қадрдонии намояндагони соҳаи фарҳангу адаб ва кормандони вазорату идораҳо баргузор гардид. Маросим ба қадршиносии хизматҳои шоистаи онҳо дар баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд.
Дар доираи маросими мазкур кормандони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов — сардирижёри хори муассиса Бахтовар Давлатов ва мудири бахши хоҷагӣ Ҳасанов Бозорхон барои саҳми арзандаашон дар баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бо Сипосномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Қадрдонии кормандони Консерваторияи миллӣ нишони эътирофи хизматҳои шоистаи онҳо дар татбиқи сиёсати фарҳангии кишвар ва таҷлили шоистаи ҷашни муқаддаси миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
