Шурои муштараки диссертатсионии 6d.коа-070

Шурои муштараки диссертатсионии 6D.КОА-070 бо фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, дар назди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фаъолият менамояд.

Шуро барои баррасӣ ва ҳимояи диссертатсияҳо аз рӯйи ихтисосҳои доктори фалсафа (PhD) – доктор ва номзади илм дар самтҳои мусиқишиносӣ, санъати мусиқӣ, рассомӣ, санъати театрӣ, санъати тасвирӣ ва меъморӣ ваколатдор мебошад. Ҳайати шуро аз мутахассисони соҳибтаҷриба ва олимони соҳа иборат буда, фаъолияти он мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ба роҳ монда шудааст.

Аз замони таъсис то имрӯз дар шуро як қатор маҷлисҳо баргузор гардида, масъалаҳои марбут ба баррасӣ ва ҳимояи диссертатсияҳо, инчунин ташкили фаъолияти илмӣ-ташкилӣ мавриди муҳокима қарор гирифтаанд. Аз замони таъсис то имрӯз дар шуро як диссертатсияи номзадӣ аз рӯйи ихтисоси 17.00.02 – Санъати мусиқӣ баррасӣ ва ҳимоя шудааст (довталаб – Давлатзода Баҳодур Давлат).
Бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳқиқоти илмӣ, аз ҷониби шуро мунтазам вохӯриву машваратҳо бо докторантон ва унвонҷӯён баргузор мегарданд. Дар ҷараёни ин вохӯриҳо талаботи Низомнома ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ шарҳу тавзеҳ дода шуда, масъалаҳои омодасозии диссертатсияҳо баррасӣ мешаванд.

Шурои диссертатсионӣ аз ҳисоби олимону мутахассисони варзидаи соҳаи санъатшиносӣ, мусиқишиносӣ, театршиносӣ, меъморӣ ва таърих аз дохил ва хориҷи кишвар таъсис дода шуда, фаъолияти худро аз рӯйи рамзи ихтисосҳои илмии 6.4. Санъатшиносӣ ба роҳ мондааст.

Ҳайати шуро чунин аст:

  1. Низомов Аслиддин – раиси шуро, доктори илмҳои санъатшиносӣ, аз рӯйи ихтисоси 6.4.3. Санъати мусиқӣ.
  2. Додхудоева Лариса – муовини раиси шуро, доктори илмҳои таърих, аз рӯйи ихтисоси 6.4.5. Санъати тасвирӣ, ороишию амалӣ ва меъморӣ.
  3. Шарифзода Лутфулло Абдулло – котиби илмии шуро, номзади илмҳои филологӣ, аз рӯйи ихтисоси 6.4.2. Санъати театрӣ.
  4. Азизӣ Фароғат Абдуқаҳҳорзода – узви шуро, доктори илмҳои санъатшиносӣ, аз рӯйи ихтисоси 6.4.3. Санъати мусиқӣ.
  5. Алиева Сурайё Шариповна – узви шуро, доктори илмҳои санъатшиносӣ, аз рӯйи ихтисоси 6.4.5. Санъати тасвирӣ, ороишию амалӣ ва меъморӣ.
  6. Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат – узви шуро, номзади илмҳои меъморӣ, аз рӯйи ихтисоси 6.4.5. Санъати тасвирӣ, ороишию амалӣ ва меъморӣ.
  7. Исрафилов Исрафил Рамазан - оғли – узви шуро, доктори илмҳои санъатшиносӣ, аз рӯйи ихтисоси 6.4.2. Санъати театрӣ.
  8. Латифзода Диловар Назришоҳ – узви шуро, доктори илмҳои педагогӣ, аз рӯйи ихтисоси 6.4.3. Санъати мусиқӣ.
  9. Мӯминова Ҳаётхон Аслоновна – узви шуро, дотсент, номзади илмҳои таърих, аз рӯйи ихтисоси 6.4.2. Санъати театрӣ.
  10. Мурадова Зулфия Алиевна – узви шуро, доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос, 6.4.3. Санъати мусиқӣ.
  11. Назарова Лариса Александровна – узви шуро, дотсент, номзади илмҳои санъатшиносӣ, аз рӯйи ихтисоси 6D040101 – Санъати мусиқӣ.
  12. Одиназода Бахтиёр Эмомалӣ – узви шуро, дотсент, номзади илмҳои таърих, аз рӯйи ихтисоси 6.4.5. Санъати тасвирӣ, ороишию амалӣ ва меъморӣ.
  13. Рахимов Равил Галимович – узви шуро, дотсент, доктори илмҳои санъатшиносӣ, аз рӯйи ихтисоси 6.4.3. Санъати мусиқӣ.
  14. Таваров Муҳаммадулло Султонович – узви шуро, номзади илмҳои таърих, аз рӯйи ихтисоси 6.4.2. Санъати театрӣ.
  15. Тулаходжаева Мухаббат Туробовна – узви шуро, доктори илмҳои санъатшиносӣ, аз рӯйи ихтисоси 6.4.2. Санъати театрӣ.
  16. Ҷурахонзода Сироҷиддин Шамсулло – узви шуро, номзади илмҳои меъморӣ, аз рӯйи ихтисоси 6.4.5. Санъати тасвирӣ, ороишию амалӣ ва меъморӣ.

Шуро мутобиқи талаботи Комиссияи олии аттестатсионӣ фаъолияти худро амалӣ намуда, баррасӣ ва ҳимояи рисолаҳои илмиро аз рӯйи ихтисосҳои марбут ба соҳаи санъатшиносӣ таъмин менамояд.
Аъзои шуро дар баробари фаъолияти ташкилӣ, дар корҳои илмӣ низ фаъол буда, мақолаҳои илмӣ, монографияҳо ва китобҳои дарсӣ ба нашр мерасонанд, инчунин дар конфронсу симпозиумҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок менамоянд.
Фаъолияти шурои муштараки диссертатсионӣ ба таҳкими заминаи илмӣ-тадқиқотӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва рушди илмҳои санъатшиносӣ ва мусиқишиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.