Табрикотии ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон Давлатзода Баҳодур Давлат бахшида ба ҷашни ваҳдати миллӣ
Муҳтарам устодон, аҳли фарҳанг, донишҷӯён ва ҳамватанони азиз!
Бо эҳсоси баланди ифтихор ва самимияти беандоза ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ – яке аз муҳимтарин ва муқаддастарин ҷашнҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол самимона табрик менамоям.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ рамзи сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамбастагӣ ва иттиҳоди миллати тоҷик буда, моро ба қадршиносии неъмати бузурги сулҳ ва масъулияти баланд дар роҳи ҳифзи он раҳнамун месозад. Ваҳдати миллӣ дастоварди таърихии халқи тоҷик аст, ки барои таҳкими давлатдории миллӣ, рушди устувори кишвар ва зиндагии орому осоиштаи мардум заминаи боэътимод фароҳам овардааст.
Имсол мардуми сарбаланди Тоҷикистон 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро дар фазои сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ ва дар остонаи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол менамоянд. Ин ду рӯйдоди муҳимми таърихӣ бо ҳам пайванди ногусастанӣ доранд, зеро маҳз ваҳдати миллӣ барои таҳкиму пойдории Истиқлоли давлатӣ ва рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи устувор фароҳам овард.
Дар тули солҳои соҳибистиқлолӣ, хусусан дар партави сулҳу ваҳдати миллӣ, кишвари мо ба дастовардҳои назаррас дар соҳаҳои иқтисод, иҷтимоиёт, илму маориф, фарҳанг ва санъат ноил гардида, имрӯз бо қадамҳои устувор ба сӯи ояндаи боз ҳам дурахшон ҳаракат мекунад.
Ҳамзамон бояд таъкид намуд, ки фарҳанг ва санъат аз муҳимтарин василаҳои таҳкими ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмии ҷомеа ба шумор мераванд. Мусиқӣ, ки забони умумибашарӣ ва омили пайванди қалбҳо мебошад, дар таҳкими арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба мероси фарҳангӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ нақши муассир дорад.
Консерваторияи миллии Тоҷикистон ҳамчун мактаби олии таълими мусиқӣ ва ниҳоди фарҳангии кишвар рисолати худро дар тарбияи мутахассисони баландихтисоси соҳаи мусиқӣ ва ҳифзу рушди фарҳанги миллӣ бо масъулияти баланд иҷро намуда, барои таҳкими худшиносии миллӣ ва ваҳдати ҷомеа саҳми арзанда мегузорад.
Бо истифода аз фурсати муносиб ба ҳамаи Шумо саломатии бардавом, саодати рӯзгор, комёбиҳои нав ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳи ҷовидон, ваҳдати устувор ва пешрафти рӯзафзун орзу менамоям.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак бошад!
