Дар партави Паёми Пешвои Миллат

Posted Mon, 02/03/2025 - 15:55
By admin
Талабхӯҷа Сатторов

Арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, муаррифии бештари он дар дохил ва хориҷи кишвар дар сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳ ва мақоми махсусро ишғол мекунад. Ин нуктаро бори дигар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ 28 декабри соли 2024 собит сохт.

Махсусан бо ибтикори Пешвои муаззами миллат якчанд озмунҳои баланди эҷодии сатҳи ҷумҳуриявӣ ташкил ва баргузор гардиданд, ки ҷиҳати рушди қобилияти истеъдоди наврасон ва ҷавонон мусоидати фаъол намуданд.

Зимни ин дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат роҳбарияти Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов баҳри рушду нумуи истеъдодҳои ҷавон ва муаррифии санъати мусиқии касбии тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ва ба ин васила ташаккул додани ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ ва руҳияи донишҷӯён кӯшиш ва талошҳои зиёд менамояд.

Мо ифтихор аз он мекунем, ки имрӯзҳо донишҷӯёни мо бо ҳунару истеъдод ва маҳорати баланди касбии худ санъати мусиқии касбии миллии тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, дар хориҷи кишвар ҳамчун ҷавонони парчамбардори миллат барои боз ҳам таҳким ёфтани нуфузу эътибори ватанамон саҳми арзишманд мегузоранд.

Дастоварду муваффақиятҳои донишҷӯёни мо дар озмунҳои байналмилалӣ рӯз аз рӯз меафзояд ва ин ҳама нишонаи меҳнату заҳмат ва хизмати софдилонаи устодони ин даргоҳи илму ҳунар мебошад.

Имрӯз устодону донишҷӯёни муассиса бо эҳтирому самимият ғолибони озмуни байналмилалиро, ки дар шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гашт, таҳният гуфта, онҳоро бо ин муваффақияти ҳунариву эҷодӣ самимона табрик намуданд.

Дигар дастоварди муҳими шогирдони мо ин иштироки донишҷӯи курси дуюми шуъбаи фортепианои тахассусӣ Меҳрона Маҷидова зери роҳбарии дотсенти кафедраи фортепианои тахассусӣ Хосият Олимова дар 5-умин озмуни байналмилаии санъати фортепианонавозӣ дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия мебошад, ки дар он Меҳрона Маҷидова сазовори дипломи дараҷаи сеюм гашт. Барои касбияти баланд ва саҳми арзанда дар рушди фарҳанг ва санъат Хосият Олимова низ аз ҷониби кумитаи тадорукот бо Сипоснома қадрдонӣ гардидааст.

Ин муваффақиятҳои дар як муддати кӯтоҳ ба даст омада аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷавонони соҳибистеъдоди мо арзишҳои фарҳанги миллиро қадр намуда, нисбат ба Ватани хеш меҳру муҳаббати самимӣ доранд, аз неъматҳои Истиқлол баҳра мебаранд ва онҳоро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд.